Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 42-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 12-уми марти соли 2026, тахминан соати 10:20-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Лексус”, ки дар деҳаи Мискинободи ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлоли ноҳияи Файзобод беназорат меистод 93 ҳазору 500-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Нуробод содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

14.03.2026 8:08
28