Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соҳибкории ғайриқонунӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 45-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, дар асоси  маслиҳати пешакӣ бо дигарон бидуни бақайдгирии давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ воридоти гумруки молҳо аз ҷумла воситаҳои нақлиёт, бо мақсади аз пардохти ҳатмии андоз озод  гардидан, дар давраҳои соли 2022-2025 аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ зиёда аз 145-адад воситаҳои нақлиёти ба номи шахсони алоҳида ва хешовандонаш ворид ва ба фурӯш гузошта, ба миқдори махусусан калон даромад ба дастоварда, маблағи андоҳзоро ба миқдори 650 ҳазор 319-сомонӣ насупорида ба давлат зарари махсусан калон расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.03.2026 8:41
78