Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётӣ

10-уми марти соли 2026, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи электромобили тамғаи «BYD E2», Зоидов Абдузоир Рӯзиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба электромобили тамғаи «BYD EB», тахти идораи Шоимбеков Шоимбек Қурбонмаҳмадович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Зафаробод бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи электромобили тамғаи «BYD E2», Ҳотамов Ҳотамбек Рустамович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

12.03.2026 8:11
48