Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои мардумфиребӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, директори ширкати сохтмонии ҶДММ «Шелон», моҳи майи соли 2023 бо ҳамроҳии марди 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, хонаи истиқоматии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанберо бо масоҳати 85-метри мураббаъ дар бинои блоки “А” даромадгоҳи-2, ошиёнаи 11-уми кӯчаи Қазоқон 180-ро вобаста намуда онро боз маротибаи дуюм ба марди 37-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ба маблағи 258 ҳазору 500-сомонӣ дар асоси шартнома аз 31-уми октябри соли 2023, оид ба ҳамкори ва саҳмгузори дар сохтмони биноҳои истиқоматии баландошиёнаи «Шелон иншоот», воқеъ дар кӯчаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанберо фурӯхтааст. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 33 ва 58-солаи сокинони шаҳрҳои Бӯстону Турсунзода, моҳи ноябри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, аз ин маблағ 80 ҳазор сомониашро пардохт намуда, боқимондаашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, пеш бо қисми 2 моддаи 276, қисми 4 моддаи 247 ва қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшудааст, моҳи октябри соли 2025 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба боварии зани 62-солаи сокини ноҳияи Айнӣ даромада, бо баҳонаи бо нархи арзон дарёфт намуда додани манзили истиқоматӣ 360 ҳазор сомониро гирифта ба манфиати худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

12.03.2026 8:09
55