Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми марти соли 2026, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз онҷо 3 ҳазору 400-сомонӣ, 2-адад корти бонкӣ, шиносномаи миллӣ, ва 6-адад зарфҳои обҳои нӯшокиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ёвон 10-уми марти соли 2026, тахминан соати 07:20-дақиқа, аз дохили нуқтаи “Тез-таёр”, воқеъ дар кӯчаи М.Ҳамадонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба марди 31-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад 34 ҳазору 790-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 27 ва 29-солаи сокинони шаҳри Панҷакент, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 4-уми марти соли 2026, тахминан соати 02:00 ба манзили истиқоматии зани 48-солаи сокини шаҳри Панҷакент даромада, аз онҷо 1-адад дучархаи (скутер) тамғаи «Дайлем-2», ки арзишаш 5 ҳазор сомонӣ мебошад тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

12.03.2026 8:08
22