Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 4-уми марти соли 2026, тахминан соати 00:20-дақиқа, бинобар мавҷуд будани хусумати шахси нисбати ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур бо мақсади қасдан несту нобуд кардани амвол, автомашинаи тамғаи «БМВ-3281», ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, бо истифодаи сузишвории «Бензин» оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

11.03.2026 8:31
56