Муайян шудани ҳолати дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми марти соли 2026, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи манзили истиқоматиаш шуда 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















