Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба ғоратгарӣ задани ноболиғи 16-сола

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 5-уми марти соли 2026, тахминан соатҳои 20:23-дақиқа, ҳангоми дар кўчаи Навбаҳори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи ошкоро ва зӯровари як адад ҷувздонро, ки дар дохилаш 1 адад телефони мобилии тамғаи “HONOR X6C” ва маблағи 3 ҳазор сомонӣ доштаро тассарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини пойтахт содир намудааст. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

11.03.2026 8:21
33