Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари кории Комиссияи муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

11-уми марти соли 2026 дар идомаи сафари кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, Раиси комиссия Аламшозода А.А. дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бо иштироки раиси Ҳукумати ноҳия Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Шафизода Рустам, раис ва муовинони комиссияи ҳудуди оид ба муқовимат ба савдои одамон, роҳбарон ва муовинони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва сохторҳои қудратӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва ходимони дин ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар рафти ҷаласа Аламшозода А.А. вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон, ҳимояи ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон ва расонидани кумак ба онҳо, ҳамчунин нақши фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, ба иштирокчиён маълумот доданд.
Аламшозода А. дар сӯҳбати худ дар бораи шаклҳои нави содиршавии ҷиноятҳо аз ҷумла, пайвандсозии ғайриқонунии узв ва бофтаҳои инсони ё ин, ки ҳамчун объекти озмоиши қарор гирифтани одам, қайд карданд.
Ҳамзамон, раиси комиссия дар ҷаласаи мазкур баъзан масъалаҳои ташвишоварро вобаста ба вазъи ҷинояткории ВМКБ, аз ҷумла фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, ихтиёран ба ватан баргардонидани аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ифротшавии ҷомеа, қочоқи ғайриқонунии силоҳу аслиҳа, сангҳои қиматбаҳо, воситаҳои нашъадор, таълимоти ғайриқонунии динии ноболиғон, монеъ шудани падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ба гирифтани таълимоти ҳатмии умум, худкушӣ, ғайриқонунӣ ишғол гардидани қитъаи замин, машғул шудан ба сеҳру ҷоду, тарбияи ноболиғону ҷавонон дар руҳияи миллатдӯстиву ватанпарварӣ, бо дониши хубу аъло таҳсил намудан, ахлоқу интизоми намунавӣ доштан, ҳамзамон дар оянда соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардидану ба давлату миллат хизмат кардан сухарронӣ намуданд. 
Дар умум теъдоди иштирокчиёни чорабинии мазкур 400 нафарро ташкил медиҳанд.

11.03.2026 10:36
97