Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент

Рӯзи 10 март сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло бо мақсади баррасии фаъолияти хизматӣ бо ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи корӣ анҷом дод. Чорабинии мазкур расонидани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати риояи талаботҳои қонунгузорӣ, ошкору пешгирии ҷиноятҳои содиршуда, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои аҳолӣ  ва дигар паҳлуҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро дар бар гирифт. Мавриди зикр аст, ки то баргузории ҷаласа гуруҳи кории аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таъсис ёфта, вазъи криминогении минтақа, коргузории хизматии шуъба ва натиҷаҳои фаъолиятро санҷиш гузаронида буданд, ки дар ҷараёни ҷаласа муҳокима гардид.
Сардори Раёсат ба таҳлилҳои дар баромади маърӯзачиён садо дода таваҷҷуҳ намуда, ҳайати шахсиро ба масъулиятшиносӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, дар мадди аввал гузоштани манфиати давлату ҷомеа, бо баҳогузории амиқу ҳаматарафа қабули қарор ва нагузаштан аз ҳадди ваколати хизматӣ ва муҳимтар аз ҳама содиқ мондан ба савганди хизматӣ ҳидоят намуд. Гуфта шуд, ки шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба шумор рафта иҷрои босифати вазифаи хизматӣ ва ҳар амале, ки ба нафъи давлату миллат ва ҷомеа гузошта мешавад пеш аз ҳама ба давлат, мақомот ва худи корманд обрӯ меоварад. Зимни иҷрои вазифа хушмуомилаги бо мардумро сардори Раёсат қатъиян аз ҳайати шахсӣ талаб намуд.
Илова бар ин, дар рафти мулоқот оид ба баланд бардоштани дараҷаи саводнокӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, огоҳ будан аз раванди қонунгузорӣ, машғул шудан ба варзиш, обутоби бадан ва мунтазам такмил додани маҳорати касбӣ таваҷҷуҳ карда шуд. Дар хотима аз ҳайати шахсӣ талаб карда шуд, ки баҳри таъмини амнияту осоиштагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҳаёту саломатии шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамеша омода бошанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

10.03.2026 15:38
109