Идомаи сафари кории Раиси комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон Аламшозода А.А. дар шаҳру ноҳияиҳои ВМКБ
Худи ҳамин рӯз дар идомаи сафари кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ба ВМКБ таҳти роҳбарии Аламшозода А.А. дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа бо иштироки раиси Ҳукумати ноҳия Сафарзода Лашкар Аслам, комиссияи худуди оид ба муқовимат ба савдои одамон, роҳбарон ва муовинони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия аа сохторҳои қудратӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва ходимони динӣ ҷаласаи кори доир гардид.
Инчуин дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз ҷумла, сардорони РВКД, РКДАМ ва Раёсати хадамоти гумрук дар ВМКБ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа Аламшозода А.А. Вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон, ҳимояи ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одаион ва расонидани кӯмак ба онҳо, ҳамчунин нақши фаъолони ҷомеаи шаҳрвпнди дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, ба иштирокчиён маълумот доданд.





















