Ифшо шудани кирдорҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2025 ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 214 ҳазору 415 килограм масолеҳи сохтмониро ба маблағи 193 ҳазор доллари амрикоӣ, баробар ба 1 милиону 814 ҳазору 200-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 2-моҳ маблағашро бармегардонад, аммо 102 ҳазору 400-доллари амрикоӣ баробар ба 962 ҳазору 560-сомонӣ ба ҷабрдида баргардонида, боқимонда 90 ҳазору 600-доллари амрикоӣ баробар ба 851 ҳазору 640-сомониро ба манфиати худ сарф намудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи феврали соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай Саната”, ки дар ҶДММ “Таҳқ Матин” дар шаҳри Ҳисор, барои қарз ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ба гарав гузошта шуда буд, 40 ҳазор сомониро баргардонида, 100 ҳазор сомониро ба бонки мазкур ҳармоҳа пардохт мекунад.
Аммо ба бонки мазкур 2-3-маротиба боқимонда маблағро пардохт намуда дидаю дониста, ки автомашинаи мазкур дар гарав мебошад, моҳи июли соли 2025 барои ба даст овардани фоидаи муфт ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ ба марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















