Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки санаҳои 28-уми феврал ва 1-уми марти соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш даромада, аз он ҷо маҳсулотҳои хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 22 ва 23-солаи сокинони ноҳияи Вахш ва шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми феврали соли 2026, тахминан соати 19:00 бо роҳи пинҳонӣ ба дохили автомашинаи тамғаи “Атеко”, ки ба марди 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, тааллуқ дорад даромада, аз он ҷо 20-қутти машруботи спиртии номгуи “Нурӯз”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазору 680-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















