Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Рашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 4-уми марти соли 2026, дар ҷамоати деҳоти Ҳойити ноҳияи мазкур бо марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату куб намудааст.
Дар натиҷа ҷабрдида зарари вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистари гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

10.03.2026 8:55
39