Самтҳои фаъолияти кории Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ
Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар даврони истиқлолият ташкил ва фаъолияти худро мақсаднок пеш мебарад. Самти асосии фаъолияти раёсати мазкур аз номгузории он ба хонанда аён аст, яъне пеш аз ҳама огоҳ намудани ноболиғону ҷавонон аз ҳуқуқвайрокунӣ ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мебошад. Имрӯз дар ҷомеаи муосири тоҷик масъалаи тарбияи ҷавонон ва наврасон хелел масъалаи ҳассос ва нозук аст, чунки наврасону ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат диққати махсус зоҳир намуда, ҳамеша барои ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд ва кадрҳои ҷавон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ самаранок фаъолият мебаранд.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”.
Яке аз самтҳои фаъолияти Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД низ маҳз ба ҳамин самт равона шудааст, яъне тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.
Самти дигар, вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ба дӯш доранд, муайян намудани вазъи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва баҳри паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор додан самаранокии чораҳои пешгирикунанда мебошад.
Ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон, дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД як қатор чорабиниҳои муштарак ба нақша гирифта, дар ин раванд аз тарафи масъулин мунтазам амалиёти мақсаднок ва суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Бо мақсади амалӣ намудани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маориф» Нақша-чорабинӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм оид ба гузаронидани вохӯриву сӯҳбатҳо бо хонандагон, падару модарон ва омӯзгорон баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тартиб дода шуда мунтазам, суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Танҳо дар соли 2025 кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, муайян ва дастгир намудани ноболиғони оворагард, аз мактаб дуршуда, пешгирии ҳолатҳои дарсшиканӣ, 15 ҳазору 321 маротиба мулоқот, субҳату вохӯриҳо ва санҷишҳо ташкил ва гузарониданд.
Новобаста аз корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наврасону ҷавонон дар мусассисаҳои таълимӣ ҳануз ҳам ҳолатҳои нагиронкунанда, аз ҷониби ноболиғон шабона дар марказҳои бозиҳои компютерӣ ба бозиҳои зараровар машғул шудан, оворагардӣ, бо худ гирифтани олотҳои сард, истифодаи машруботи спиртӣ ва даст задан ба ҷиноят аз тарфи ноболиғон ба қайд гирифта мешавад.
Аз ҷумла, санҷишҳои шабонае, ки аз ҷониби кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар марказҳои дилхушӣ ва марказҳои компютерӣ баргузор карда шуд, ҳолатҳое муайян гардид, ки аз бемасъулиятии волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ноболиғон шабона ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғул мебошанд. Ҳангоми дастрас намудан ба мақомоти милитсия муайян гардид, бархе аз онҳо бо худ силоҳи сард, корд, электрошокер ва дигар олотҳои халандаю буранда дошта, илова бар ин баъзе ноболиғон ба истеъмоли ҳабҳои синтетикӣ мубтало шудаанд.
Бо мақсади риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор фаъолиятро самаранок ба роҳ мондааст. Барои вайрон намудани меъёрҳои қонуни мазкур нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва инчунин, нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 9 ҳазору 70 парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст.
Чунин беназоратӣ ба он боис гардидааст, ки ҳатто содир кардани ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо ба қайд гирифта мешавад.
Ноболиғон ҳатто ба ҷинотҳои вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд. Аз ҷумла аз тарафи ноболиғон дар соли сипаришуда ҷинояти одамкушӣ, касдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ҳаракати зуроварӣ дорои хусусияти шаҳвонидошта, таҷовуз ба номус, ҳолати дуздӣ, қаллобӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст.
Воқеан ҳам, вақте ки наврасон ба ҷинояткорӣ роҳ дода ояндаи сабзи худро доғдор мекунанд, дардноку нороҳадкунанда аст.
Ҳолатҳое ҷой дорад, ки аз бемасъулиятии масъулини муассисаҳои таълимӣ ва саривақт хабар надодан ба мақомоти дахлдор, муноқишаҳои лавзии байни мактаббачагон ба муноқишаҳои гуруҳӣ табдил ёфта, боиси вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ ба меъёрҳои ахлоқ ва қонун гардида, ба ҷиноятӣ авбошӣ замина мегузорад. Танҳо дар соли 2025 162 ҳолати содир гардидани ҷинояти авбошӣ аз ҷониби наврасон ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи ҷавонон ва бо иштироки онҳо дар соли 2025 3 ҳазору 116 ҳолати ҷиноят бақайд гирифта шудааст, ки ин шумора дар соли 2024-3964 ҳолат буд.
Танҳо худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ягона роҳе мебошанд, ки майли ҷавононро ба сӯи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ, содир намудани ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо пешгирӣ кунад. Аз ин рӯ, бояд дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари маҳбубамон бошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияӣ ватандӯстӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди ҳамкории ҷомеа бо мақомоти милитсия дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат бевосита роҳбарияти Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар гурӯҳои кории шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд ва дар алоҳидагӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аҳолӣ вохӯриву суҳбатҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ наврасону ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, нашъамандӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ доир намуданд.
Ҳифзи тартиботи чамъияти, амнияти сокинони кишвар, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ бе иштироки шахрвандон бахусус ҷавонон ғайриимкон аст. Такя намудан ба кумаки ҷавонон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, яке аз шартҳои муҳим ва самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки ҷавони хоҳишманде, ки мехоҳанд нақш ва ҳиссаи худро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон гузоранд ва дар ин замина ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстю ватанпасрастӣ тарбияи намудани наврасон ва ҳамсолони худ саҳм гузоранд, руз то руз зиёд шуда истодаанд.
Маҳз бо ҳамин мақсад бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҳисоби ҷавонони фаъоли кишвар гурӯҳи “Авангард” таъсис дода шудааст, ки дар хамбастагӣ бо Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД гурӯҳи мазкур фаъолияти худро мақсаднок пеш мебарад.
Албатта, яке аз сатҳои асосии фаъолияти гурӯҳи “Авангард” ин тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи вантандӯстӣ ва хештаншиносӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, тарғиби ҳаёти солим дар байни ҷавонон мебошад. Бо ин мақсад аъзоёни гурӯҳ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД пайваста дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳо вохӯриҳои судманд доир намуда, дар баробари огаҳ намудани ҳамсолони хеш аз оқибати кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, инчунин онҳоро ба созандагиву ободкорӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи якпорчагии давлат ва ҳимояи марзу буми кишвар ҳидоят менамоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар барорбари кормандони милитсия ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок меварзанд. Ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқату самимият ба давлату миллат ва эътимоду самимият ба фардои дурахшон дар замири чавонон, бахусус донишҷуёни макотиби олии кишвар боло гирифта, онҳо дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгрии ҳуқуқвайронкунӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон гурӯҳи “Авангард” пайваста бо кормандони милитсия ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда, бо мардум ҷихати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ вохӯриҳои судманд доир менамоянд.Чунин хизматҳои ҷавонони фаъол пайваста аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадрдонӣ карда мешавад.
Мақомоти милитсия танҳо дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон метавонад вазифаҳои хизматии худро иҷро намоянд. Иштироки ҷавонон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканӣ ин нишон аз ватандӯстӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” дар ҳамкорӣ бо кормандони РОПҲНҶ ВКД пайваста ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳатто ба минтақаҳои дурдаст сафар намуда, барои риоя қонуният, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳарактаҳои иртиҷоӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҳамсолони хеш суҳбату вохӯриҳо менамоянд. Масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону наврасон, пешгирии гаравидани онҳо ба нашъамандӣ, шомил шудани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи мамлакат, хушунату зуроварӣ дар оила ва риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳамеша мавзӯҳои асосии суҳбати байни ҷавононро ташкил медиҳад.
Инчунин, ҳангоми сафар ба минтақаҳои гуногун ҷавонон бо ёдгориҳои таърихӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадимии минтақаҳои гуногуни кишвар шинос шуда, барои худ маълумот пайдо мекунанд.
Имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст ва ҷавонон дар ҷаҳони муосир хамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд. Пас, месазад ҷавонон аз шароиту имконоти маҷуда самарнок истифода намуда, дар пешрафту шукуфоии давлати азизамон саҳм гузоранд.
Чи тавре дар боло қайд кардем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишомӯзиву хониши намунавӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои давлатдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сиёсати давлатии роҳбарияти кишвар низ дар бахши ҷавонон, дар самти тарбияи кадрҳои соҳибтаҷриба, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ равона карда шудааст.
Албатта, рушду инкишофи давлат ба амнияту осоиштагии он робитаи амиқ дошта, дар ин замина давлат ба дастовардҳои беназир комёб мегардад. Натиҷаи талошу заҳмат, хиради созандаю ояндабин ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар фазои осоишта, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ рӯзгор пеш мебарем.
Бояд қайд намуд, ки дар тарбияи ватандӯстии насли наврас дар баробари мактабу маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини бахшҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш намояндагони ҳар як қишру табақаи ҷомеа бояд фаъолона иштирок намоянд. Бояд созмонҳои ҷавонон барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ бо ҷавонон зуд - зуд вохӯрию семинарҳо гузаронанд.
Ватандӯстӣ пеш аз ҳама боиси ободии кишвар, ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ мегардад. Давлати навини Тоҷикистон дар роҳи таҳкими худ ба ватандӯстии халқи азизаш такя мекунад. Моҳиятан, Тоҷикистон ба сифати давлати миллӣ амал менамояд. Ин давраи муҳимест дар инкишофи давлат. Моҳияти онро ҳамчун асос ба инобат гирифта, урфу одат, анъана ва сунатҳои давлатдории миллӣ ташкил медиҳем. Мо бояд дар марҳилаи тақдирсоз барои миллатамон мафҳуми «Ватан»-ро дуруст дарк намоем.
Ба таъкиди Сарвари давлат: “ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимои Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси давлатдориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳдоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Ҷавонони давраи муосир дар ҷаҳонишавии ҷомеаи Тоҷикистони азиз азму ирода ва кӯшишу талошҳои роҳбарияти ҷумҳуриро дастгирӣ карда, барои обод кардани кишвар, мустаҳкам шудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда истодаанд. Хушбахтона, имрӯз ҷавонон чун номбардорони насли ҷасуру ватанхоҳ парчами дар роҳи истиқлолият афрӯхтаи падаронро бо садоқату мардонагӣ чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ мекунанд. Чунин ҷасорату мардонагии насли ҷавони даврони истиқлолият далели барҷастаи ваҳдату ягонагӣ буда, дифоъ ва ҳуввият ва арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯз беш аз 170 ҳазор нафар ҷавонон дар риштаҳои гуногуни мактабҳои олии кишвар бо таҳсил фарогирифта шудаанд. Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои муаззами миллат аз ҷавонон умеди калон доранд, зеро эътибор, нуфуз ва рушду нумӯи минбаъдаи кишвар аз онҳо вобаста аст.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватананд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдеро барои омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рӯйи кор гирифтааст. Пас, ҷавононро мебояд, роҳи донишомӯзиро интихоб намуда, илм омӯзанд, ватандӯсту хештаншинос бошанд, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор бошанд.
Сардори РОПҲНҶ ВКД
полковники милитсия
Баротзода Тоҳир Барот
















