Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани семинарҳои омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон дар шаҳри Хоруғ

Санаи 10 марти соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар толорҳои маҷлисгоҳи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ семинарҳои омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо судяҳои Суди ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он, прокурорҳои ВМКБ шаҳру ноҳияҳои тобеи он, кормандони сохторҳои тафтишотӣ ва оперативии раёсатҳои мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, КДАМ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, ва Хадамоти гумрук дар ВМКБ баргузор гардид.
Семинарҳо бо сухани ифтитоҳии раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оғоз ёфта, баъдан дар он масалаҳои мубрами доираи мурофияи ҷиноятӣ, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон аз ҷониби олимон ва мутахассисони варзидаи соҳавии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

10.03.2026 10:23
119