Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар фазои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт 

Дар идомаи вохӯрӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар вохӯрии мазкур баъзе масъалаҳои ташвишоварро вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, аз ҷумла фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ифротшавии ҷомеа, қочоқи ғайриқонунии силоҳу аслиҳа, сангҳои қиматбаҳо, воситаҳои нашъадор, таълимоти ғайриқонунии динии ноболиғон, монеъ шудани падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ба гирифтани таълимоти ҳатмии умумӣ, худкушӣ, ғайриқонунӣ ишғол гардидани қитъаи замин, машғул шудан ба сеҳру ҷоду, тарбияи ноболиғону ҷавонон дар руҳияи миллатдӯстиву ватанпарварӣ, бо дониши хубу аъло таҳсил намудан, ахлоқу интизоми намунавӣ доштан изҳори андеша намуд.
Ҳамзамон дар оянда соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардидану ба давлату миллат хизмат кардан суханронӣ намуд.
Дар интиҳои вохӯрӣ иштирокчиён аз баргузории чунин вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонони ВМКБ вохӯрии судманд анҷом дод.

09.03.2026 17:51
79