Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ

9-уми марти соли 2026 дар театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар ВМКБ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ аъзоёни гурӯҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони мақомоти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, прокурори вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони раёсатҳои минтақавии КДАМ, АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон, гумрук, сардорони шуъбаҳои ВКД, аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбари анҷумани «Исмоилия», халифаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоат ва шаҳраку деҳот, аҳли илму зиё, маорифу тандурустӣ, масъулини сохторҳои таркибии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолон ва намояндагони Воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо зимни суханронӣ бо таҳлили амиқи мушкилоти мавҷуда дар самти муқовимат ба савдои одамон таваҷҷуҳ намуда, роҳу усулҳои пешгирикунанда ва механизми муосири корбарӣ ва муқовимат ба савдои одамонро мавриди баррасӣ қарор дод.
Таъкид гардид, ки афзоиши падидаҳои номатлуби савдои одамон боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, паст гардидани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Давоми солҳои охир бархе шахсон ва гуруҳҳои манфиатхоҳ бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол менамоянд. Аз таъсири он инсон ҳамчун ашё, предмети хариду фурӯш ва аҳд қарор гирифта, дар ин замина ҳуқуқ ва озодии шахсии ӯ зарар мебинад.

09.03.2026 14:23
183