Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати якчанд нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 

6-уми марти соли 2026, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Сулаймонов Наимҷон Анварович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Алиеви ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти  идораи Содиқов Абдумуталиб Раҳмонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Зафаробод бархурдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи «Опел-Вектра», Холқузиева Фирӯза Абдураззоқовна, соли таваллудаш 1986 ва Ҷумаев Исломбек Хайруллоевич, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи Зафаробод, ҷароҳати ҷисмонӣ бадошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Рузиёрзода Иномҷон, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми марти соли 2026, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Ҳасанова Арзигул Холматовна, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба дарахт бархурдааст. 
Дар натиҷа ронанда Ҳасанова А.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми марти соли 2026, тахминан соати 12:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», Сафаров Меҳроб Ҷурахонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Таёта-Аксио”, таҳти идораи Латифзода Довуд Сафар, соли таваллудаш 2008, шаҳри мазкур бархурда, ба самти муқобили роҳ баромада ба мотороли сечарха, ки дар канори роҳ таваққуф карда буд, бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи “Чанху” хурдсол Оишаи Қурбоналӣ, соли таваллудаш 2025, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

09.03.2026 8:42
46