Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ бо гумони азонихудкунӣ
17-уми январи соли 2026, ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми кор кардан дар хонаи бобояш зани 68-солаи сокини ҳамон ҷо, аз дохили
каҳхона 1-адад борхалта дар дохилаш як миқдор ҳуҷҷатҳои гуногун ва маблағи 111 ҳазору 460-сомонӣ, 700-доллари амрикоӣ, 3-адад ангуштарини тиллоӣ, 1-ҷуфт ҳалқаи тиллоӣ, 4-адад дандонҳои тиллоиро пайдо намуда, онҳоро ба назди модараш зани 41-солаи сокини ҳамонҷо бурда, бовар карда супорида фикр кардааст, ки модараш борхалтаи мазкурро дар оянда ба бобояш бозпас гардонида медиҳад.
Дар навбати худ зани 41-сола бо мақсади минбаъд азонихуд намудани маблағ ва ҷавоҳиртҳои тиллоии борхалтаро пинҳон намуда, як миқдор маблағи ба ӯ боваркардашударо барои манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда ва дигарон бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















