Ифшо шудани дуздии чорвои калони шохдор
Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза пиразани 77-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми марти соли 2026, тахминан соати 03:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро бо гусолааш дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷиняоти мазкурро писари соҳибхона марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.


















