Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, 14 ба 15-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар
манзили истиқоматиаш дар ҳолати майзадагӣ қарор дошта, бо марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки дар ҳолати масти майзадагӣ қарор доштааст, ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз корди хоҷагӣ ба қисмати қафои бадани марди 37-сола зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. 
Мувофиқи хулосаи судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи  ҷабрдида ҳамчун ҷароҳати вазнин ба саломатӣ мансуб дониста шудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

09.03.2026 8:34
41