Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тараннуми Рӯзи Модар дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

Ҳамчун арзи эҳтиром ба занону бонувон бахшида ба Рӯзи Модар дар Раёсати ВКД-и вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Зеро  эҳтиром ба модар ва мақому манзалати ӯ, ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгар ва роҳнамои фарзанд барои ҳамагон шараф ва қарзи фарзандӣ дар назди ин Олиҳаи бахту сафо мебошад. Дар маърӯзаи табрикотии сардори Раёсат генерал – майори милитсия  Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло қайд гардид, ки Рӯзи Модар - рӯзест, ки ба ҳамаи Модарон - зани дар ҳаёти ҳар яки мо нақши муҳим дошта бахшида шудааст. Ин рӯз ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳнат ва ғамхории онҳо таҷлил мешавад. Мавсуф зимни суханронӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуда, нақши занону модаронро дар рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ кард. Ҳар як инсон метавонад дар ин рӯз муҳаббат ва эҳтироми худро нисбат ба Зан - Модар баён ва ин рӯзро барои бонувон хотирмон гардонад. Ҳамчунин аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти Раёсат корманд-занони мақомот, собиқадорзанҳо, кормандони техникӣ ва дар симои онҳо тамоми занону модарони ҷумҳуриро табрику муборакбод намуданд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Модар рӯзи таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва қадршиносии зан мебошад. Ва бори дигар хотиррасон менамояд, ки дар ҳаёти мо Модар мартабаи баландро соҳиб аст. 
Дар сафи милитсия фаъолият кардани занону бонувони матинирода нишонаи ҷасорат, пуртоқативу фидокории зани тоҷик аст. Таҷрибаи ҳаётӣ исбот намудааст, ки дар  ҷойе, ки зан ҳаст раҳму шафқат, эҳтирому накукорӣ, адолату инсондустӣ ҷой дошта зиндагӣ бо рангу таровиши хосса дӯстдоштанӣ мегардад.
Дар ҷараёни чорабинӣ  дар ситоиши зан модар гуфта шуд, ки меҳру муҳаббат ва ғамхории модарро касе ва чизе иваз карда наметавонад ва бигузор чун Рӯзи Модар  ҳаёти ҳамарӯзаи Зан – Модар пур аз шодӣ, табассум ва хушбахтӣ бошад!
Дар хотима ба муносибати Рӯзи Модар бо фармоишҳои ВКД ва Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд якчанд нафар корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз карда шуданд. 
Илова бар  ин, бо ташаббуси роҳбарияти Раёсат ҳамаи корманд-занони дар сафи милитсияи Суғд фаъолиятбаранда ва кормандони техникӣ бо туҳфаҳои пулию молӣ ҳавасманд гардонида шуданд. 
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

07.03.2026 18:12
78