Ҳодисаи нақлиётӣ
4-уми марти соли 2026, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мирзоев Файёзиддин Салоҳиддинович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи барқии тамғаи “Скутер”, таҳти идораи Баротов Ҷумабек Зоирович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Ҷайҳун бархурдааст, дар натиҷа ронандаи дучархарон Баротов Ҷ.З. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дучархарон Негматов Давлатбек Идибекович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистари мегардад.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














