Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 60-солаи сокини шаҳри Душанбе, роҳбари ҶДММ “Матлаби ягона”, бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июли соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини шаҳри Турсунзода даромада, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ раводиди кории давлати Латвияро тайёр карда медиҳад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 23-юми сентябри соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо ваъдаи таъмин намудан бо кор дар муҳоҷирати меҳнати аз ҳисоби худаш бо пардохти хароҷоти роҳаш ба шаҳри Петрапаловскии Ҷумҳурии Қазоқистон интиқол карда то охири моҳи ноябри соли 2025 ба корҳои ширкати сохтмони ғайриқонунӣ ҷалб намуда, маблағи 25 ҳазор сомонӣ музди маошашро пардохт накардааст.
Инчунин гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 24-уми сентябри соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, бо ваъдаи таъмин намудан бо кор дар муҳоҷирати меҳнати аз ҳисоби худаш бо пардохти хароҷоти роҳаш ба шаҳри Петрапаловскии Ҷумҳурии Қазоқистон интиқол карда то охири моҳи ноябри соли 2025 ба корҳои ширкати сохтмони ғайриқонуни ҷалб намуда маблағи 25 ҳазор сомонӣ музди маошашро пардохт накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 2 қисми 2 моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешаки идома дорад.















