Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии марди 29-сола

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ба ҳайси намоянда ва тарҷумони ширкати Чинии “En vol” бо харидорӣ ва таъмини лифтҳои замонавӣ машғул гардида, дар ҳамин замина бо ҶДММ “Раҳмон Сохтмон” дар намояндагии марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе шартнома оиди таъмин намудани 2-адад лифтҳои замонавӣ ба маблағи 45 ҳазору 800-доллари амрикоӣ ба имзо расонида, аммо аз ширкати мазкур маблағи пулӣ 49 ҳазору 375-доллари амрикоӣ гирифтааст.
Гарчанде ки лифтҳои мазкурро таъмин намуда бошад ҳам, ягон адади онҳоро насб накарда, бар зами он як адад лифтро ба дигар ширкати сохтмони фурухтааст, ки бо ин кирдори худ ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ ба маблағи 22 ҳазору 375-доллари амрикоӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

06.03.2026 8:26
28