Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ду ҳолати дуздии маблағ аз дохили терминали ҶСП “Душанбе Сити Бонк”

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур мактуби ҶСП “Душанбе Сити Бонк” ворид гардидааст, ки 28-уми феврали соли 2026, тахминан соати 01:30-дақиқа, ду ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб бо роҳи пинҳонӣ дар кӯчаи Рӯдакӣ назди вокзали “Роҳи оҳан” қарор доштанашон, бо роҳи шикастани қулфи терминали ҶСП “Душанбе Сити Бонк” аз дохилаш 18 ҳазору 900-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки бо ин кирдорашон ба  ҶСП “Душанбе Сити Бонк” 20 ҳазору 650-сомонӣ зарар молию пулӣ расонидаанд. 
Инчунини ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони ноҳияи Деваштич, қаблан яке аз онҳо соли 2026 бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 23-юми феврали соли 2026, тахминан соати 01:00 бо роҳи шикастани қулфи терминали ҶСП “Душанбе Сити Бонк”, воқеъ дар кӯчаи А.Шаропови ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи мазкур, аз дохили ҳамёни терминали мазкур 60-сомониро тасарруф намуда, маблағи мазкурро як чанд маротиба ба ҳамёни электронии ҶСП “Душанбе Сити Бонк” ба рақами худашон пайваст шуда буд, гузаронида бо ин кирдори худ ба миқдори 21 ҳазору 650-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

06.03.2026 8:22
45