Ошкор шудани ҳодисаи авбошӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 14-уми феврали соли 2026, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар кӯчаи Чуқураки шаҳри мазкур бо ду ҷавони 19-солаи сокинони ҳамин шаҳр аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол намуда яке аз ноболиғон бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба пойи яке аз ҷавонони 19-сола зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда ноболиғе, ки дар рафти муноқиша аз корд истифода намуда, бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.



















