Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии бародар

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми марти соли 2026, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон бо додараш ҷавони 24-солаи сокини ҳамонҷо ҷангу ҷанҷол намуда, гумонбаршаванда бо корди ошхонагӣ 3-маротиба ба қисмати шикам ва 1-маротиба ба дасти додараш ҷавони 24-сола зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

06.03.2026 8:16
27