Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии дар роҳҳои кишвар
3-юми марти соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», Ҳасанов Мустафо Саидаҳмадович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Саидов Рамазон Файзович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа велосипедрон Саидов Р.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
3-юми марти соли 2026, тахминан соати 21:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес бенс”, Қурбонов Меҳроб Зиёвуддинович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Фархор ба самти ҷамоати деҳоти Истиқлол воқеъ дар мавзеъи Уртабузи ноҳияи Фархор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Боймуродов Сафаралӣ, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Боймуродов С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
4-уми марти соли 2026, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ford-Fusion”, Аляев Рамазан Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар 13 километри шоҳроҳи автомобилгарди “Бохтар-Левакант-Данғара”, дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар қубури обгузари канори рости самти ҳаракаташ чапа намудааст.
Дар натиҷа мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда, Ахлева Соҳибгул Раҳматовна, соли таваллудаш 1987, Мирзомуродова Лутфия Асадуллоевна, соли таваллудаш 1979, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигар дар дохили автомашина буда, Мирзомуродова Басбӣ Абдуллоевна, соли таваллудаш 1956 ва Мирзомуродов Комилҷон Ҳигматович, соли таваллудаш 1975, сокинони шаҳри Левакант ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















