Ошкор шудани ду ҳолати азонихудкунӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини ноҳияи Данғара, тибқи фармоиши директори генералии ҶДММ “Шоҳасар” дар ноҳияи Рӯдакӣ аз 1-уми январи соли 2024, ба ҳайси боррасон ба кор қабул гардида, дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи сентябри соли 2025 то моҳи январи соли 2026, аз ҷамъияти мазкур маҳсулотҳои хўроквориро ба 99-адад мағозаҳои хусусӣ дар ҳудуди ноҳияи мазкур тақсим намуда, маблағи 120 ҳазору 539-сомониро ҷамъовари карда, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати Гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, корманди ҶДММ «Титан 8888» аз моҳи феврали соли 2025 то моҳи январи соли 2026 лавозимотҳои истеҳсоли ҷамъияти мазкурро аз қабили (дег, табақи нонпазӣ ва ғайраҳо) ба соҳибкорон ба маблағи 2 милиону 356 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағҳоро азонихуд намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















