Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии маблағ аз дохили маркази букмекерӣ

Зимни багузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини ноҳияи К.Мастчоҳ, 24-уми феврали соли 2026, тахминан соати 02:00 бо роҳи пинҳонӣ ба маркази букмекерии «1ХВЕТ», воқеъ дар кӯчаи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даромада, аз дохили сандуқи оҳанӣ 4 ҳазору 727-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бо ин кирдораш ба намояндаи ҶДММ мазкур зани 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.03.2026 8:11
46