Муқовимат бо савдои одамон тақозои замон Дар шаҳри Конибодом бо мақсади огоҳ кардани шаҳрвандон аз хавфу хатари шаклҳои гуногуни савдои одамон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо таҳти унвони “Муқовимат бо савдои одамон тақозои замон” аксия гузарониданд. Чорабинии мазкур характери иттилоотиву тарғиботи дошта оид ба хавфнокии ин зуҳуроти номатлуби ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон халал эҷодкунанда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Аъзоёни Комиссияи ҳудудии байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди МИҲД шаҳри Конибодом чорабинии мазкурро бо ҷалби ҷавонони фаъоли гуруҳи “Авангард” ва ихтиёриён (валантёрон) доир намуданд. Минбаъд низ чунин аксияҳо гузаронида хоҳад шуд. 03.03.2026 11:29 49 Дигар хабарҳо: Ташкили фоҳишахона 23.04.2026 8:11 Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар барои азонихудкунии маблағҳои корхона 10.12.2025 8:36 Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 04.08.2026 9:27 Таҷлили Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонон 30.07.2024 14:43 Ҳалокати ду мусофир дар натиҷаи ҳодисаҳои нақлиётӣ 24.01.2026 8:26 Муайян шудани ҳолати азонихудкунӣ 16.03.2026 8:29