Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани се ҳодисаи нақлиётии марговар

28-уми феврали соли 2026, тахминан соати 07:30-дақиқа, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” автомашинаи тамғаи “Мусо-Пикап”, таҳти идораи ронанда Ахмедов Мирзоурун Ғафурович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошт, ҳангоми ҳаракат аз роҳи мошингарди шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” ва расидан ба километри 29-уми шоҳроҳи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “KIA RIO”, таҳти идораи ронанда Атабаев Исроилджон Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Шаҳринав бархурдааст. 
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мусо Пикап”, Ахмедов М.Ғ. ва мусофири дар дохили автормашина буда Баҳодуров Мирзоҳабиб Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Ронандаи автомашинаи тамғаи “KIA RIO”, Атабаев И.У. ва мусофиронаш Давлатов Исматулло Холмаҳадович, соли таваллудаш 1965, Атоев Убайдулло Джурабекович, соли таваллудаш 1970, Алиев Зокирҷон Эргашбоевич, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи Шаҳринав дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва Атабоев Усмонҷон Убайдуллоевич, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Шаҳринав ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
27-уми феврали соли 2026, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи мотороли сечархаи электронии боркаш Наимов Дилшод Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи С.Айнии шаҳри Бохтар, аз уҳдаи идораи моторолаш набаромада, пиёдагардони ноболғ Миров Насим Убайдуллоевич, соли таваллудаш 2017 ва Фаризаи Муроджон, соли таваллудаш 2017, сокинони шаҳри мазкурро пахш намудааст. 
Дар натиҷа ноболиғ Миров Н.У. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба ҳалокат расидааст ва ноболиғ Фаризаи М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардоша, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
1-уми марти соли 2026, тахминан соати 06:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”, Асозода Воҳид Сафархоҷа, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, як чорвои калони шохдорро пахш намудааст, дар ин ҳолат аз паси он автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, таҳти идораи Маҳмадшарипов Одилбек Обидҷонович, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Душанбе, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи болозикр бархурда, аз он ба девори оҳанини иҳотавии канори рости роҳ бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” Каримова Озода Абдурасуловна, ба соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.03.2026 8:28
43