Ошкор шудани ду ҳолати азонихудкунӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2023, 6-сар чорвои майдаи шохдорро, ки арзишашон 6 ҳазор сомониро ташкил медод, барои нигоҳубин ба чӯпон марди 50-солаи сокини ҳамин ноҳия супоридааст, ки гумонбаршаванда чорвои майдаи шохдорро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунини ба ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2025, барои нигоҳубин 2-сар чорвои майдаи шохдорро, ки арзишаш 3 ҳазор сомонӣ ташкил медод, ба чупон марди 50-солаи сокини ҳамин ноҳия супоридааст, ки гумонбаршаванда чорвои майдаи шохдорро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди «в» қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар асоси фармони директори ҶДММ “Иттиҳодияи илми истеҳсолии Асил” аз 4-уми январи соли 2022 ба вазифаи хазинадор дар самти фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ таъин гардида, дар давоми фаъолияти кориаш то моҳи апрели соли 2025, маблағи 11 ҳазору 187 сомониву 68-дирам ба ширкати мазкур тааллуқдоштаро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “г” қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















