Дастгир гардидан бо ҷурми ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ва духтарбачаи ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 24-уми феврали соли 2026, тахминан соати 03:30-дақиқа, дар дохилї боғи фарҳангию фароғагии ба номи «Абумаҳмуди Хуҷандї», воқеъ дар маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷанд, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Хуҷандро лату куб намуда, бо истифодаи зўроварї аз ҷайби охирон 100-доллари амрикоиро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















