Ифшо шудани кирдорҳои қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор, аз моҳи июли соли 2024 то моҳи октябри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 3-адад автомашинаҳои тамғаи “AION S”, бо арзиши 140 ҳазор омонӣ, автомашинаи тамғаи “Arcfox T5” бо арзиши 270 ҳазор сомонӣ ва автомашинаи тамғаи “IM MOTORS LS6”-ро бо арзиши 300 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, автомашинањои мазкурро фурӯхта, 190 ҳазор сомониашро дода, ваъда додааст, ки боқимонда маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунн зимни баргузор намудани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, аз моҳи декабри соли 2024 то моҳи июни соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, даромада 4-адад автомашинаи тамғаҳои «БМВ Х6», «Тайота Камри-6», «Ауди-А6» ва «Мерседес-Бенс МЛ-350»-ро, ба маблағи 55 ҳазору 500-доллари амрикои ва 290 ҳазор сомонӣ нархгузори карда тариқи насия гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ автомашинаҳоро фурӯхта маблағашро бармегардонад, аммо автомашинаҳои мазкурро фурӯхта, ба ҷабрдида 9 ҳазор доллари амрикоиро баргардонда, боқимонда маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 46 ҳазору 500-доллари амрикоӣ ва 290 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















