Муайян шудани ҳолати дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ду ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Деваштич, 2-юми феврали соли 2026, тахминан соати 22:00, дар бозори чорвои «Чоршанбе», воқеъ дар ноҳияи Деваштич ба ошхонаи марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 3 ҳазору 800-сомонӣ ва 2-адад телефони мобилии тамғаҳои «Самсунг А16» ва «ТЕКНО ГО2»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















