Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози парвандаи ҷиноятӣ, барои ба худкушӣ расондан

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони ба худкушӣ расондан дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи феврали соли 2025 то ин ҷониб мунтазам бо роҳи таҳдид ва дашномҳои кабеҳ гуфтан шаъну шарафи ҳамсараш ҷавонзани 26-солаи сокини ҳамон ҷоро паст зада, ҷабрдида 10-уми феврали соли 2026, дар хонаи истиқоматиаш бо мақсади худкуши як чанд дорувориҳои тиббии навъҳои «Глитсин, Парасетамол ва Ситрамон»-ро истеъмол намуда, заҳролуд гашта дар беморхона бистари гардидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

27.02.2026 8:33
50