Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани азонихудкунии маблағ 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино мактуби директори ҶДММ “Султони Ҳаким”, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки марди 35-солаи сокини пойтахт дар ҶДММ “Султони Ҳаким” ба ҳайси муҳосиби хазиначӣ кор ва фаъолият намуда, тибқи хулосаи санади мутахассиси раёсати Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, маблағҳои ҷамъовардашудаи ҶДММ-и мазкурро, ки дар умум 1 милиону 584 ҳазору 731-сомониро ташкил медиҳад, азонихуд намуда ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

27.02.2026 8:32
34