Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ аризаи директори генералии ҶДММ “Мувафақ ва Комёб”, марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гаридааст, ки 25 ба 26-уми феврали соли 2026, тахминан соатҳои 02:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дари нуқтаи ҶДММ “Мувафақ ва Комёб”-ро шикаста ворид шуда аз хазинаи ширкат 20 ҳазору 441-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21-соали сокини ноҳияи Дӯстӣ содир намудааст. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

27.02.2026 8:31
31