Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Айни бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 30-юми январи соли 2026, тахминан соати 08:30-дақиқа, ҳангоми дар назди дармомадгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ноҳияи Айнӣ қарор доштанаш, бо марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур бе ягон асос баҳсу муноқиша намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ карда, сипас бо арматури дар дасташ дошта, 3 маротиба ба аъзои баданаш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















