Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётӣ

25-уми феврали соли 2026, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Алиев Далер, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Н.Хусрави ноҳияи Қубодиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Фозилов Фахриддин Нормуминович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи мазкур, ки дар роҳи худаш ҳаракат мекард, бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Алиев Д. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофири он Алиев Хайриддин Аёмиддинович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Лахш, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистари гардидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

26.02.2026 8:42
41