Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо маслиҳати пешакӣ бе иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба муҳоҷирати меҳнати машғул шуда, моҳи майи соли 2025, марди 44-солаи сокини ноҳияи Данғараро бо роҳи фиреб ва ташкили муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонуни ба Ҷумҳурии Литва бурда, маблағи 20 ҳазор сомониашро гирифта, раводиди кӯтоҳ муддат ба давлати Латвия омода карда, минбаъд барои таъмини кор ва тамдиди раводидаш ягон амалро ба анҷом нарасонида барояш ваъдаҳои бардуруғ дода дар натиҷа ӯ аз онҷо ихроҷ гашта ба ватан баргаштааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 2 моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан богумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 10-уми июли соли 2025, тахминан соати 08:00 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо ваъдаи таъмин намудан бо кор дар муҳоҷирати меҳнати бо ҳамроҳи худ ба Ҷумҳурии Сербия барои кору фаъолият бурда, барои таъмин намудан барои кор ягон амалеро иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 иловаи 2 моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешаки идома дорад.

26.02.2026 8:39
41