Оғоз гардидани парвандаи ҷинояти нисбати зани 43-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони тағйир додани иттилооти компютерӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз соли 2025 то инҷониб дар мағозаи фурӯши телефонҳои мобилии дар ҳудуди шаҳри Панҷакент кору фаъолият намуда, дар давоми моҳи январи соли 2026, бо мақсади берасмиятдарории гумрукӣ телефонҳои мобилии тамғаи «Нокия»-ро бо мақсади ба даст овардани фоида бо истифода аз силсилаи рақамҳои қалбаки рамзи «ИМЕЙ» бо ин амалаш системаи иттилооти телефонҳои мобилиро тағйир додааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 299 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















