Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ додани кредит

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе, корманди Маркази хизматрасонии ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурд” дар маркази савдои “Садбарг”, бо гумони ғайриқонунӣ додани кредит дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо маслиҳати пешакӣ бо ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, 31-уми майи соли 2023, оид ба ғайриқонуни додани кредит дар асоси маълумотномаи музди меҳнати бардуруғ бо ному насаби ҷавони 24-солаи сокини пойтахт, ки аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гирифта шудааст, тибқи он гуё ҷавони 24-сола ба ҳайси омӯзгор аз фанни технологияи иттилоотӣ бо музди меҳнати моҳона 2 ҳазор сомонӣ ва солона 24 ҳазор сомонӣ кору фаъолият менамояд, қарзи истеъмолӣ бо мақсади таъмири манзили зисташ бо миқдори 20 ҳазор сомонӣ, бо фоизи солонаи 27% ва ба муҳлати 32-моҳ медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 265 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.02.2026 8:36
28