Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми феврали соли 2026, тахминан соати 20:40-дақиқа, амакаш марди 43-соларо, ки нисбаташ хусумати шахси дошт, бо корди хоҷагидори 1-маротиба ба пойи росташ зарба зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷа ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистари гардидааст.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.














