Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
23-юми феврали соли 2026, тахминан соати 17:46-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «АТЕКО», Негматов Мирзоғафур Мирзобоевич, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, дар вақти даромадан ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газойл», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, дучархарони «Скутер» ноболиғ Каримов Аъзам Равшанҷонович, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарони ноболиғ Каримов А.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
24-уми феврали соли 2026, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «TAЙОТА Carola VERSO”, Шоҳназаров Мастибек Шукурович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва расидан дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “ВОЛВА Trusk», таҳти идораи Атобулоев Зикрулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Масчоҳ бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «TAЙОTA Carola VERSO» Шоҳназаров М.Ш. ва мусофирони дар дохили автомашинаи тамғаи “TAЙОTA Carola VERSO» қарордошта Ашурова Садбарг Аминовна, соли таваллудаш 1980, Ашуров Раҳмоназир Худойназарович, соли таваллудаш 1974, Ашурова Меҳрубон Худойназаровна, соли таваллудаш 1979 ва Шоҳназаров Завқибек Ҷонибекович, соли таваллудаш 1980, сокинони ноҳияи Айнӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















