Окшор шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 20-уми январи соли 2026, тахминан соати 02:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ шишаи дари даромади маркази хизматрасонии “Душанбе Сити”, дар ноҳияи Ховалинг воқеъ бударо шикаста, аз он ҷо 3-адад телефонҳои гуногунтамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Ховалинг содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун аризаи зани 57-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 22-юми феврали соли 2026, тахминан соати 05:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 3-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21 ва марди 33-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми феврали соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7000-сомонро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкуро марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор содир намудааст.
Ҳамзамон гумонбаршаванда 20-уми феврали соли 2026, аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

















