Савдои одамон
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 45-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, соли 2023 бо ҷиянаш зани 28-солаи сокини ноҳияи мазкур маслиҳат намуданд, ки шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинсашон занро пайдо намуда, тариқи ҳавасмандкунии моддӣ онҳоро барои машғул шудан ба танфурушӣ ҷалб карда, ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия равон намуда, аз ин ҳисоб фоидаи муфт ба даст меоранд.
Гумонбаршаванда дар асоси маслиҳати пешакӣ бо зани 28-сола дар яке аз мехмонхонаҳои метрои Селигерская, воқеъ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, хуҷраҳои алоҳидаро ба иҷора гирифта, ба ҷалби духтарон оғоз карданд.
Муайян карда шуд, ки моҳи августи соли 2023 зани 45-сола бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамаслакаш зани 28-сола, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дорад, дар кӯчаи Вахдати шаҳри Бохтар бо ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри мазкур вохӯрда, бо истифода аз вазъи ногувории зиндагиаш ӯро бо пешниҳоди беҳтар гардонидани сатҳи иҷтимоии зиндагӣ барои машғул шудан ба танфурӯшӣ дар шаҳри Москва таҳти роҳбари ва пуштибонии зани 28-сола, ва аз ин ҳисоб ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ҷалб намудаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 қисми 2 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















